Субҳи имрӯз, дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд “Сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки васеи довталабони вилояти Суғд ва меҳмонон баргузор гардид.
Дар қатори дигар донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ ва дохилӣ ҳайати роҳбарият ва устодони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд низ дар ин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалӣ иштироки фаъолона намуда, дастовард ва имкониятҳои таҳсил дар ин ин боргоҳи маърифатро муаррифӣ намуданд.
Дар намоиш маълумот дар бораи ихтисосҳо, барномаҳои таълимӣ, имкониятҳои таҳсил, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва дастовардҳои ҳамаи самтҳои фаъолияти Донишкада ба меҳмонон, довталабон ва иштирокчиён пешниҳод гардид.
Дар “Сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода, муовини Раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода ва роҳбарони як қатори муасссаҳои олии хориҷи кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО